Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини Қазоқистон, ки баҳори соли гузашта истеъфо дод, ба коронавируси нав гирифтор шудааст. Сомонаи расмии Назарбоев 18-уми июн навишт, ки "ҷое барои нигаронӣ нест".
"Дар ҳоли ҳозир Нурсултон Назарбоев дар гӯшанишинӣ қарор дорад. Мутаассифона, натиҷаи санҷиши вируси ӯ мусбат баромад, вале ҷойи нигаронӣ надорад", - навиштааст сомонаи расмии президенти нахустини Қазоқистон. Ба иттилои манбаъ, Назарбоев, ки ҳоло раҳбарии Шӯрои амнияти ин кишварро бар зимма дорад, корҳояшро фосилавӣ анҷом медиҳад.
Назарбоев дар соли 1991 дар Қазоқистон ба қудрат расид ва моҳи марти соли гузашта, баъди қариб 30 соли роҳбарӣ, аз мақом канор рафт, аммо ба ҳайси раиси доимии Шӯрои амният ва раиси Ҳизби Нур Отан нуфузи худро нигаҳ дошт.
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо гуфтаанд, ки Назарбоев таҳаммули дигарандешонро надорад ва ҳуқуқу озодиҳои сокинонро поймол мекунад.
Ҳафтаи гузашта чанде аз аъзои ҳукумат ва мансабдорони Қазоқистон дар бораи бемории худ хабар доданд. Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов рӯзи 14-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки натиҷаи ташхисаш мусбат баромад ва ҳоло бистарист.
Шумори умумии мубталоёни коронавируси нав дар Қазоқистон то имрӯз ба беш аз бист ҳазор расид, сад нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Бино ба омори расмӣ, бештари ҳолатҳои марг аз коронавирус дар пойтахти Қазоқистон сабт шуда, ҷамъан 24 сокини Нурсултон ҷон бохтаанд. Дар Алмато 15, дар вилояти Павлодар 13 ва дар Чимкент 12 ҳолат сабт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки фаъолони мадании қазоқ мегӯянд, шумори маргу мир аз вируси корона аз шумори қабрҳо дар мазорҳои махсуси дафни қурбониёни коронавирус дар Алмато, Нурсултон ва Чимкент фарқ мекунад.
Танҳо дар қабристони махсуси дафни қурбониёни COVID-19 дар наздикии шаҳри Алмато дар тақрибан се ҳафтаи охир шумори қабрҳо аз 38 ба 64 расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, дар ин ду ҳафтаи охир дар вилояти Алмато касе аз коронавирус нафавтидааст.