Ҳукми 16 соли зиндони маллоҳи амрикоӣ Виланро дипломати аршади амрикоӣ “масхараи адолат” номид

15 июн, додгоҳе дар Маскав. Пол Вилан дар интизори шунидани ҳукми додгоҳ

Додгоҳе дар Русия Пол Вилан, собиқ узви нирӯҳои баҳрии ИМА-ро дар ҷосусӣ муттаҳам кард, вале худи ӯ ин иттиҳомро қотеона рад мекунад. Дипломати баландпояи амрикоӣ ҳукми рӯзи 15 июни додгоҳеро дар Маскав, ки Виланро ба 16 соли зиндон маҳкум кард, “масхараи адолат” номид.
Мақомот гуфтанд, ки мурофиа бо сабаби баррасӣ шудани маводи махфӣ ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста сурат мегирад. Вилани 50-сола инчунин шаҳрвандии Бритониё, Канада ва Ирландияро дорад. Ӯро моҳи декабри соли 2018 боздошт карданд ва моҳи марти имсол дар пасманзари пандемияи коронавирус ва эътирозҳои дипломатӣ мурофиаи додгоҳии ӯ шурӯъ шуд. Вилан ҳама иттиҳомотро рад кардааст. Дар мурофиаи рӯзи 25 май додситон аз додгоҳ хост, ки ӯро бо гуноҳи ҷосусӣ ба 18 соли зиндон маҳкум кунанд. Пеш аз содир шудани ҳукми додгоҳ мақомоти амрикоӣ аз Маскав тақозо карданд, ки Виланро озод кунанд ва Русияро барои “бархӯрди шармандавор” бо ӯ интиқод карданд. Ҷон Салливан, сафири ИМА дар Русия рӯзи 14 июн гуфт, ки мурофиа одилонаву шаффоф набуд ва ҳеҷ далели содир шудани ҷиноят аз ҷониби Вилан пешниҳод нагардид. Вилан ба журналистон гуфт, ки аз болои ин ҳукм, ки ба гуфтааш, дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, шикоят мекунад. Ӯ гуфт, “ин як мурофиаи сиёсӣ, як ҳукми сиёсӣ аст”. Ҷон Салливан, сафири ИМА дар Русия гуфт, ки аз шунидани ҳукми Вилан “ноумед ва хашмгин” шудааст ва ба гуфтааш ҳукми Вилан равобити ИМА ва Русияро бад хоҳад кард. Дар посух ба ин савол, ки то куҷо имкони бо шаҳрвандони дар ИМА боздоштшудаи Русия табдил кардани Вилан вуҷуд дорад, ӯ гуфт, Вашингтон дар андешаи адолат барои Вилан аст, на табдили ӯ бо дигар зиндониҳо.