Пулис дар Париж ва Лондон бо афроде, ки дар масъалаи нажодпарастӣ дар хиёбонҳо ба эътироз баромада буданд, даргир шуданд.
Бегоҳии рӯзи шанбе дар Лондон эътирозгарон бо пулис занозанӣ карданд ва дар натиҷа даҳҳо нафар боздошт шуд.
Мақомот гуфтанд, ки чанд пулис низ захмӣ шудааст.
Дар Порис, ки ба хотири пешгирӣ аз коронавирус гирдиҳам омадани 10 нафар манъ аст, пулис эътирозгаронро пароканда кард. Дар пойтахти Фаронса низ эътирозгарон ба пулис ҳамла карданд.
Эътироз дар ду шаҳри бузурги дунё пас аз кушта шудани Ҷорҷ Флойд, африқоитабори амрикоӣ сурат мегирад. Дар худи Амрико низ беш аз ду ҳафта боз сокинон эътироз мекунанд
Ҷорҷ Флойд рӯзи 25-уми май ҳангоми боздошт аз ҷониби пулис ба ҳалокат расида буд.