Як шаҳрванди Тоҷикистон дар сохтмони Санкт-Петербург ҷароҳати сангин бардошт

31 январи соли 2020. Маҷмааи консертию варзишии “Петербургский” дар паи сарозер шудани бом шадидан хароб шуд

Нашрияи “Фонтанка” хабар дод, ки рӯзи 11 июн дар корҳои тахриби бинои маҷмааи варзишию консертии “Петербургский” як шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд. Нашрия мегӯяд, ки ҷавони 18-сола зери пиллаи сангине монда сутунмӯҳраашро шикаст ва ҳоло дар ҳолати сангин қарор дорад. Исми ӯ феълан маълум нест. Ин ҷавон коргари ширкати “Балтийский синдикат” аст, ки яке аз ширкатҳои масъули тахриби сохтмон мебошад.
Маҷмааи “Петербергский”-ро 31-уми январи имсол ба тахриб кардан шурӯъ намуданд ва худи ҳамон рӯз боми он сарозер шуд. Дар натиҷа 80% бино хароб гардид. Он замон як коргари 29-солаи шаҳрванди Русия даргузашт. Кумитаи тафтишотӣ он замон талаб кард, ки аз рӯи ҳодисаи тахриби бино парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Вале бо ин вуҷуд, ҳукумати Санкт-Петербург созишномаашро бо ширкат “СКА Арена” қатъ накард. Фаъолони ҳуқуқ сохтмончиёнро дар ташкили партовгоҳи худсарона дар назди соҳилҳои дарёчаи Фонтанка гунаҳгор карданд.