Парвандаи нав дар доираи қазияи Михаил Ефремов

9 июн, Михаил Ефремов дар пушти панҷараи додгоҳ дар Маскав

Дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи садамаи автомобилӣ бо ширкати ҳунарпешаи маъруфи рус Михаил Ефремов дар Русия парвандаи нави ҷиноятӣ дар бораи фурӯши маводи мухаддир ифтитоҳ шудааст. Владимир Васенин, сухангӯи раёсати умури дохилии Маскав гуфт, ки «дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки шахсони номаълум ба ронанда маводи нашъа фурӯхтаанд». Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати ҳунарпешаи маъруф ба сарраёсати ВКД Маскав супурда шудааст.
Тафтишот мегӯяд, ки рӯзи 8 июн Михаил Ефремов замоне, ки аз майдони Смоленская дар Маскав ҳаракат мекард, ба садамаи автомобилӣ дучор шуд. Ефремов савори “Град-Чероки” ба хати муқобили ҳаракат баромада ба мошини навъи “Лада” бархӯрд. Субҳи дигараш ронанда - марди 57-сола Сергей Захаров дар беморхона даргузашт. Ӯ ба ҳайси корманди фурӯшгоҳи интернетӣ бо интиқоли бор машғул буд. Додгоҳ рӯзи сешанбе Ефремовро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Ҳунарпеша гуноҳи худро эътироф намуд. Таҳқиқи тиббӣ нишон дод, ки дар ҳангоми садамаи автомобилӣ ӯ таҳти таъсири машруботи алкоҳолӣ буд. Рӯзи 10 июн санҷиш нишон дод, ки дар хуни ҳунарпеша маводи мухаддир ҳам будааст. Ба ин ҳунарпешаи маъруф то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Михаил Ефремов як ҳунарпешаи мунаққиди ҳукумат буда, солҳои охир бо намоишномаҳои “Гражданин поэт” маъруфияти зиёд касб кардааст.