Фавти чаҳор нафар дар як корхона дар Қазоқистон

Як корхона дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Чаҳор коргар дар корхонае дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон фавтида, ду тани дигар бистарӣ шудаанд. Дар ин бора аз раёсати назорат дар соҳаи меҳнат ва идораи ҳифзи сиҳатии вилояти Оқтеппа хабар доданд.

Ҳодисае, ки боиси марг ва бистарии коргарон шуд, рӯзи 28 май рух дод. Мақомот гуфтанд, ҳангоми поккории зарфи партовҳои кимиёӣ як коргар ҷароҳат бардошт ва панҷ тан аз ҳамкорони вай дохили зарф шуда, талоши наҷоти маҷруҳро карданд. Дар натиҷа ҳамаи ин коргарон аз ҳарорати моддаҳои кимиёӣ ҷароҳат бардоштанд, ки чаҳор танашон фавтида, ду тани дигар бистарӣ шуданд.

Мақомоти вилояти Оқтеппа гуфтанд, дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад.

Корхонаи моддаҳои кимиёӣ дар канораи Оқтеппа ҷойгир аст, ки маҳсулоти кимиёӣ истеҳсол мекунад. Ин маҳсулот дар саноати ҳавопаймоӣ, нафтӣ ва дору истифода мешавад.