Додгоҳи Исроил рӯзи 24-уми май парвандаи сарвазири ин кишвар Бенёмин Натаняҳуро оғоз кард, ки дар фасодкорӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор мешавад.
Натаняҳу рӯзи чаҳоршанбе парвандаи зидди худро сохта номида, хост, раванди мурофиаи додгоҳӣ тавассути пахши мустақим аз толори додгоҳ намоиш дода шавад.
Парвандаи сарвазири Исроилро се додрас баррасӣ мекунанд. Мурофиаҳо зери раҳбарии додрас Ривка Фелдман-Фридман, ки таҷрибаи иштирок дар парвандаҳои пурсарусадоро дорад, баргузор хоҳанд шуд. Ин додрас соли 2015 ба ҳайати комиссияи додгоҳие шомил буд, ки ҳукми сарвазири пешини Исроил Эҳуд Олмертро содир кард.
Зидди сарвазири Исроил моҳи ноябри соли 2019 бо ҷурми қаллобӣ ва фасодкорӣ айб эълом шуда буд. Ҷониби айбдоркунанда иддао дорад, ки Натаняҳу ва хонаводааш аз соли 2007 то соли 2016 аз коргардони амрикоӣ Арнон Милчен ва соҳибкори австралиягӣ Ҷеймс Пакер туҳфаҳои гаронарзиш дарёфт кардаанд, ки маблағи умумии онҳо чор миллион евроро ташкил медиҳад.
Натаняҳу рӯзи 17-уми май ба ҳайси сарвазири Исроил савганд ёд кард ва агар додгоҳ ӯро айбдор эълом кунад, ба истеъфо хоҳад рафт.