Мақомот гуфтанд, беш аз 1300 кас аз COVID-19 шифо ёфтаанд. Шумори фавтидагон ба 46 расид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 191 нафари дигар ба коронавируси нав гирифтор шудаанд ва шумори умумии беморон рӯзи 24-уми май ба 2929 кас баробар шуд.

Ба иттилои расмӣ, теъдоди шифоёфтагон ба 1301 кас ва фавтидагон ба 46 нафар расидааст.

Аммо бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" тақрибан 300 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, баъзе аз мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад.

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарон дар бораи марги наздикону ҳамкорони худ гузориш медиҳанд.

Мақомот мегӯянд, ҳоли ҳозир дар шифохонаҳои саросари кишвар беш аз 2700 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд.