Пулиси Ҳонгконг рӯзи якшанбе барои пароканда кардани таҷаммӯи тарафдорони демократия аз гази ашковар истифода намуд.
Ин кор баъди он сурат гирифт, ки ҳазорон нафар ба кӯчаҳҳои Ҳонгконг баромаданд, то аз тарҳи пешниҳодии Чин эътироз кунанд.
Чин рӯзи 21-уми май пешниҳоди ҷорӣ кардани қонуни амнияти миллӣ бар Ҳонгконгро матраҳ кард, то ба ҳузури идораҳои истихборотиаш дар ин шаҳр иҷоза диҳад.
Ҳукумати Ҳонгконг талош кард, то нигарониҳои мардум ва сармоягузорони хориҷиро дар бораи лоиҳаи пешниҳодии Чин аз байн барад.
Ин лоиҳа, ки аллакай нигарониҳоро дар бозори молӣ ба вуҷуд овард, аз сӯи ҳукуматҳои хориҷӣ ва гуруҳҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба шиддат танқид шудааст.
Интизор меравад, лоиҳаи ҳукумати Чин рӯзи 4-уми июн аз сӯи порлумони ин кишвар қабул шавад. Бар асоси лоиҳа, мудохилаи хориҷӣ, хиёнат, харобкорӣ ва фитнаангезӣ манъ хоҳад шуд.