Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 миллион гузашт

Корҳои зиддиуфунӣ дар Беларус

Дар ҳоле ки шумораи тасдиқшудаи гирифторон ба коронавирус рӯзи 21-уми май дар саросари ҷаҳон аз 5 миллион гузашт, чанде аз иёлоти Амрико ба сабук кардани чораҳои эҳтиётии ҷоришуда даст заданд.

Дар Бразиля дар рӯз тақрибан 20 ҳазор ҳолати беморӣ ба қайд гирифта шуда, Чин ба гирдиҳамоии калони сиёсии худ омода мешавад.

Дар бахшҳои Иёлоти Муттаҳида тарабхонаҳо дар ҳавои кушод бо мизҳои хӯрокхӯрӣ то 2 метр дур аз ҳамдигар аз нав кушода мешаванд. Дар Ню-Йорк иҷоза мешавад, ки то 21 нафар дар ҷамъомадҳои динӣ ширкат кунанд, аз ҷумла тӯйҳо, агар иштирокчиён ниқоб пӯшанд ва қоидаи дурӣ аз ҳамдигарро риоя кунанд.

Президент Доналд Трамп рӯзи 21-уми май барнома дорад ба як корхонаи шаҳри Детройт равад, ки вентилятор месозад. Трамп, ки дар рафти маъракаи пеш аз интихоботиаш кӯшиш дорад иқтисоди Иёлоти Муттаҳидаро дубора зинда кунад, 20-уми май бори дигар ба Чин ҳамла кард ва дар Твиттер гуфт, "сахт мекӯшад, дарду куштореро, ки Чин дар саросари ҷаҳон паҳн кардааст, аз миён барад."

Пештар аз 20-уми май, дар як рӯз дар ҷаҳон 106 ҳазор гирифтори нав ба қайд гирифта шуд, зеро санҷишҳо меафзояд.

Шумораи олудаҳои нав дар Амрикои Лотинӣ, Ҳиндустон ва дигар ҷойҳо ба қайд гирифта шудааст.

Ҳолати нав дар Бразилия шумораи пурраи гирифторонро ба беш аз 291 ҳазор расонд, ки дар ҷаҳон пас аз Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар ҷойи сеюм мебошад.