СҶТ: сафар ба Туркманистон дар марҳилаи баррасӣ аст

Мактаббаччаҳо дар кӯчаҳои Ишқобод

Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфтанд, ки сафари коршиносони ин созмон ба Туркманистон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

"Бо даъвати ҷониби Туркманистон СҶТ ҳамарӯза бо мақомоти он кишвар дар иртибот аст ва сафари ҳайати СҶТ-ро ба Туркманистон ҳамоҳанг мекунад", - хабар дод маркази матбуотии СҶТ.

Ибтидои моҳи май бархе аз расонаҳо навиштанд, ки СҶТ мунтазири даъвати расмии ҷониби Туркманистон аст. Бидуни даъват СҶТ наметавонад ба Туркманистон сафар кунад. Даъватнома дастрас шуда, акнун мушкили сафари ҳайати СҶТ ба Туркманистон пеш омадааст.

"Бо назардошти мушкилоти парвозҳои байналхалқӣ, санаи сафар ва таъмини модиву техникии ҳайат ҳамоно дар ҳолати созмондиҳӣ аст", - гуфтанд аз маркази матбуотии СҶТ.

Мақомоти Туркманистон рӯзи 15-уми май бори дигар аз мавҷуд набудани вируси корона дар ин кишвар хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки мақомот ба бастани минтақаҳои аҳолинишин шуруъ карда, пешниҳод намудаанд, ки истироҳати тобистона дар соҳили баҳри Каспий қатъ шавад.

Туркманистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар он расман гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст. Ба ҷуз аз Туркманистон дар саросари дунё тақрибан 10 кишвари дигар аст, ки вируси корона ба онҳо роҳ наёфтааст.