Мирзиёев ваъда дод, шаҳрвандони худкифоро аз андози даромад озод мекунад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Дар Узбекистон барои шаҳрвандони худкифое, ки соҳиби касбанд шароити мусоид фароҳам карда мешавад. Ҳамчунин низоми наве дар ҳоли коркард аст, ки онҳоро аз пардохти андози даромад озод менамояд.

Яъне, намояндагони беш аз 60 касб, аз ҷумла сартарош, мӯзадӯз, нонпаз, оҳангар, дӯзанда, таксирон, тарҷумон, тарроҳ ва барномасозон аз пардохти андози даромад озод мешаванд. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19-уми май дар як ҷаласаи видеоӣ хабар дод.

Дар ҷаласа ҳамчунин кафолати таъмини ҳуқуқҳои соҳибкорон ва дахлнопазирии амволи онҳо баррасӣ шудааст.

"Ба ҳамаи ҳокимон ҳушдор медиҳам, ки агар амволи як соҳибкор ғайриқонунӣ мусодира шавад, онҳо на танҳо аз мақоми худ маҳрум, балки ба ҷавобгарӣ низ кашида хоҳанд шуд", - изҳор дошт Мирзиёев.

Президенти Узбекистон ба ниҳодҳои дахлдори кишвараш дастур дод, ки ҷазо барои поймол кардани дахлнопазирии амволи шахсиро сахттар ва иҷрои бечунучарои қарори додгоҳҳоро дар робита ба пардохти ҷуброни амволи соҳибкорон таъмин кунанд.