Ҳаҷми кӯмаки молӣ ба донишҷӯёни узбекистонии Русия ду баробар кам шуд

Сафорати Узбекистон дар Маскав ва консулгариҳои Узбекистон дар саросари Русия дар гузашта эълом карда буданд, ки сар аз рӯзи 14-уми май ба узбекистониҳои ниёзманди дар Русия қарор дошта кӯмаки якдафъаинаи молӣ мерасонанд.

Ҳаҷми кӯмаки якдафъаина дар ибтидо 12 130 рубл - муодили 167 доллари ИМА эълом шуда буд. Аммо ҳафтаи гузашта хабар расид, ки ҳаҷми кӯмаки молӣ барои донишҷӯёни узбекистонӣ, ки дар Русия қарор доранд, ду баробар камтар аз маблағи эъломшуда будааст.

Дар наворе, ки дар шабакаҳо нашр шуд, котиби аввали консули генералии Узбекистон дар Екатеринбурги Русия Беҷон Кувонов мегӯяд, дар матне, ки пештар нашр шуда буд, қисмати "ба муҳоҷирони ниёзманди Узбекистон дар Русия дар ҳаҷми 5600 (77 доллар) рубл кӯмак расонида мешавад", ғалтидааст.

Шаҳриёр Тургунбоев, сухангӯи сафорати Узбекистон дар Русия тасдиқ кард, ки ба донишҷӯёни узбекистонӣ дар ҳаҷми 5600 рубл кӯмак расонида мешавад. Аммо вай дақиқан посух надод, ки чаро маҳз ҳаҷми кӯмаки донишҷӯёнро кам кардаанд.

Сафорат ва консулгариҳои Узбекистон дар Русия гуфта буданд, ки сар аз 14-уми май пардохти кӯмакпулиҳои якдафъаинаро шуруъ мекунанд.