Ҷаласаи дурӯзаи сохторҳои раҳбарикунандаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар шакли видеоӣ, ки дар он вазъи марбут ба ҳамагир шудани коронавирус баррасӣ мешавад, оғоз шуд. Коршиносони байналмилалӣ аз ҳукумати тамоми кишварҳо даъват карданд, ки тавсияҳои СММ-ро барои пешгирии вирус риоя кунанд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 4 миллиону 730 нафар ба вирус мубтало шуда, беш аз 315 ҳазор кас аз он ҷон бохтаанд.
Иттиҳоди Аврупо ва Австралия даъват доранд, ки манбаи пайдоиш ва ҳамагир шудани коронавирус мушикофона таҳқиқ шавад. Ин пешниҳодро аллакай 122 кишвар бо шумули Бритониё ва Русия ҷонибдорӣ карданд.
Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш вирусро ҷиддитарин таҳдид дар замони ҳозир номида, гуфт, то ҳол воксинаи он пайдо нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳо дар мубориза бо коронавирус стратегияи гуногун, аз ҷумла баъзан баҳсбарангезро истифода мебаранд. "Башарият барои риоя накардани тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ арзиши ҳангуфтеро маҷбур аст, бипардозад", афзуд ӯ.