Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки сабаби аслии зиёд будани шумори ҳолатҳои гирифтории сангин ба коронавирус дар Доғистон муроҷиати дери сокинон ба ёрии тиббӣ ва бо худмуолиҷа машғул шудани онҳо мебошад. Ӯ бо такя ба назари “коршиносон” гуфт, ки масъалаи риоя шудани меъёрҳои карантин ё инзивои хонагӣ ҳам бояд санҷида шавад.
Путин инчунин ба шикояти сокинони маҳаллии Доғистон ҳам муроҷиат кард ва гуфт, ки дар ин ҷумҳурӣ ёрии тиббиро на дар ҳама ҷо ва на ҳамеша пурра дарёфт кардан мумкин аст. Ҷаласае бо раҳбарии Путин рӯзи 18 май дар ТВ намоиш дода шуд ва ин дар ҳоле буд, ки қаблан хабарҳо аз шикояти зиёди сокинон дар бораи марги инсонҳо дар паи коронавирус дар шароити берун аз муассисаҳои тиббӣ нашр гардид.
Вазири беҳдошти Доғистон гуфт, ки дар фурсати охир дар ҷумҳурӣ аз “пневмонияи берун аз шароити беморхона” беш аз 600 нафар даргузашт. Ин нафарон ба феҳристи расмии қурбониёни коронавирус ворид нашуданд. Дар Доғистон бар асари COVID-19 то ҳол 29 нафар даргузашт. Бар асари пневмония дар Доғистон беш аз 40 корманди тиб ҷон додаанд. Путин гуфт, ки “ҳодисаҳои фоҷеабор, инчунин дар миёни кормандони тиб, зиёд мешавад”. Вазир гуфт, ки “тамоми ҳодисаҳои олудагиву марг берун аз беморхонаро” дар ин ҷумҳурӣ ҳамчун “ба эҳтимоли ғолиб бар асари коронавирус” баррасӣ мекунанд.
Путин амр дод, ки ба Доғистон тамоми ёрии зарурӣ ирсол шавад. Дар Доғистон 3460 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва аз назари таносуби сокинон ва дарсади олудагии сокинон, ин ҷумҳурӣ дар миёни минтақаҳои Русия дар ҷои панҷум қарор дорад.