Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Русия 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ медиҳад.
"Садои Амрико" бо истинод ба санадҳои ҳукуматӣ хабар дод, ки нахустин дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Калифорния рӯзи чоршанбе барои интиқол ба Маскав омода хоҳанд шуд. Ҳамчунин 150 дастгоҳи дигар 26-уми май ба Русия фиристода мешавад.
Ба гуфтаи намояндагони маъмурияти президенти Амрико, ҳукумати ИМА пули дастгоҳҳо, таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо ва харҷи интиқолро пурра пардохт кардааст, ки ҷамъан 4,7 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дастгоҳҳо тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ ба Русия интиқол дода мешаванд, зеро дар ҳоли ҳозир миёни ду кишвар ҳавопаймоҳои мусофирбар парвоз намекунанд. Дар маъмурияти президенти ИМА гуфтанд, ин дастгоҳҳо барои шаҳрвандони Русия фиристода шуда, нишонаи ҳамкории низомӣ миёни ду кишвар нахоҳанд буд.