Вакилони Амрико тарҳи 3 триллион доллариро тасвиб карданд

Вакилон ҳам дар толор бо ниқоби тиббӣ мегарданд.

Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 15-уми май як барномаи дигари 3 триллион долларии кӯмак ба иқтисоди осебдида аз коронавирусро тасвиб кард, ки зоҳиран сабаби баҳсу кашмакаш бо Сенат ва раиси ҷумҳур Доналд Трамп мешавад. Маҷлиси Намояндагон палатаи поёнии Конгресси Амрико дар дасти Ҳизби демократ аст ва палатаи болоиро ҷумҳурихоҳон дар даст доранд.

Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, агар ҳоло амал накунанд, “бемасъулиятӣ” мебуд, чун “зиёни баъдӣ бештар аз қимате хоҳад буд, ки мепардозанд.” Амрико назар ба ҳар кишвари дигар дар ҷаҳон аз коронавируси нав осеби зиёдтар дидааст. Дар инҷо бештар аз 1 миллиону 400 нафар гирифтори СОVID-19 шудаанд ва 86 ҳазор нафар ҷон додаанд. Вакилони ҷумҳурихоҳ аз Сенат гуфтаанд, ки барнома ба ҷое намерасад ва Доналд Трамп ҳам ишора кардааст, ки онро имзо нахоҳад кард.

Бо идомаи баҳс дар Конгресс дар бораи роҳҳои кӯмак ба иқтисод, нисфе аз иёлатҳои Амрико маҳдудиятҳои кору гаштугузорро сабук карда ба фаъолиятҳои иқтисодӣ иҷоза додаанд. Аммо нигарониҳо зиёд аст, ки бардоштани маҳдудиятҳо мумкин аст, сабаби густариши дигарбораи коронавирус дар кишвар шавад. Ҳарчанд сирояти беморӣ ва бистарӣ кардани беморон дар бисёре аз гӯшаҳои Амрико коҳиш ёфтааст, вале ҳафтаи гузашта рӯзона то 1500 нафар аз беморӣ мефавтиданд.