Халилзод дигарбора барои гуфтугӯ ба Афғонистон меравад

Залмай Халилзод аз миёнҷигарони аслӣ барои раҳандозии музокирот байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон аст.

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, гуфт, баҳсу баррасиҳо дар бораи санаи нави баргузории музокироти байнулафғонӣ идома дорад ва беҳтар аст, ин музокирот замони ҳузури зиёди нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон сурат бигирад.

Залмай Халилзод рӯзи 15-уми май гуфт, ки ба зудӣ ба Афғонистон меравад ва барои коҳиш додани ҳамлаву хунрезӣ ва раҳоии зиндониён талош мекунад. Ихтилофи назар дар бораи таркиби ҳукумати Афғонистон ва суръати раҳоии зиндониёни Толиб сабаби таъхир дар музокироти байни ҳукумат ва гуруҳи Толибон барои хотима додан ба ҷанги 18-сола дар кишвар шудааст.

Бо вуҷуди ваъда барои кам кардани ҳамлаву хунрезӣ, Толибон баръакс ин корашонро зиёдтар кардаанд. Коршиносон гуфтаанд, шояд Толибон мехоҳанд, аз ин роҳ мавқеъашонро дар музокирот бо ҳукумат қавитар кунанд.

Се рӯз пештар аз баёнияҳои Залмай Халилзод дар ҳамлаҳои алоҳида ба як таваллудхона дар Кобул ва маросими дафн дар вилояти Нангарҳор 56 нафар кушта шуданд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамла ба таваллудхонаро бар дӯш нагирифтааст. Дар ин ҳамла 24 нафар, аз ҷумла ду навзод кушта шуданд. Толибон гуфтанд, ки даст надоранд. Масъулияти ҳамла дар Нангарҳорро гурӯҳи Давлати исломӣ бар дӯш гирифт.