БАБР 3% поин рафтани ММД Қазоқистонро пешбинӣ мекунад

Марде дар назди постгоҳи пулис, даромадгоҳи шаҳри Алмато

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) мегӯяд, иқтисоди Қазоқистонро, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ шумурда мешавад, соли равон поинравӣ интизор аст.

Ин пешбинӣ бо назардошти поинравии арзиши маҳсулоти хом, коҳиши истихроҷи нафт, таъсири карантин, ки бахши савдо, ҳамлу нақл ва сайёҳиро заиф месозад, сурат гирифтааст.

"Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Қазоқистон 3 дарсад поин рафта, дар соли 2021 бо назардошти қисман дубора боло рафтани арзиши нафт барқароршавӣ ба андозаи 5,5 дарсад дар назар аст", - омадааст дар изҳороти БАБР, ки 13 май нашр шуд.

Ба назари коршиносони бонк, Қазоқистон бо истифода аз имкониятҳое, ки феълан таҷдиди занҷираи содироти ҷаҳонӣ фароҳам меоварад, метавонад рақобатпазирии бахши нафти худро боло бибарад.

Коршиносон мегӯянд, соли равон ҳаҷми содирот ба таври назаррас коҳиш меёбад, вале беқурбшавии пули миллӣ ба коҳиши таъсири омилҳои манфӣ мусоидат менамояд.