Кодекси сиҳатии омма ва низоми тандурустии кишвар, ки аз сӯи порлумони Қазоқистон қабул шуд, воксинзании довталабона ва ҳатмии ҳамаи шаҳрвандони он кишварро пешбинӣ мекунад.
Ин кодекс ҳамчунин рафтани кӯдакони бидуни воксинро ба боғчаҳо манъ менамояд.
Дар кодекс муҷозоти сахти волидоне пешбинӣ нашудааст, ки фарзандони худро воксин намезананд. Се соли пеш вазорати умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон пешниҳод карда буд, барои саркашӣ аз гирифтани воксин наздики 68 доллар ҷарима таъйин шавад.
Кодекси қабулшуда гирифтани воксинро аз ҳепатити А, ҳепатити В, полиомиелит, сил ва чанд навъ бемории дигар пешбинӣ мекунад.
Тарҳи қонуни қабулшуда барои баррасӣ ба сенати Қазоқистон ирсол гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳатмӣ кардани воксин дар Қазоқистон баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст. Бархе аз шаҳрвандон ба сифати воксинҳо шубҳа доранд.
Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, саркашӣ кардан аз воксинзании кӯдакон поймолсозии ҳуқуқи онҳо ба ҳифзи сиҳатӣ аст.