Иттиҳоди Аврупо ва созмони Каритас Олмон ба тақрибан 6 ҳазор оилаи камбизоат ва хонаводаҳое, ки яке аз аъзояш маълуланд, дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳритус ёрӣ кардаанд.
Масъулони дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфтанд, ба ин оилаҳо 26 тонна хӯрокворӣ ва маводи беҳдоштӣ тақсим шудааст.
Ин ёриҳо аз ниқобу собун, маҳлули беҳдоштӣ ва инчунин орду равған, шакару макарон ва биринҷу намак иборат будааст.
Ҳамчунин ба 130 корманди тавонбахшӣ дар маҳалҳо ва ихтиёриён маводи беҳдоштӣ додаанд, то дар шароити пандемия маъюбонро нигоҳубин кунанд.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз ин кор "эмин доштани оилаҳои осебпазир аз сирояти коронавирус" аст.
Кумаки Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон ба даҳҳо оилаи тоҷик
Ба иттилои расмӣ то 12-уми май коронавирус ба 729 сокини Тоҷикистон сироят карда, боис ба марги 23 нафар шудааст. Бархе аз сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба дурустии омори расмӣ шак доранд.