Рӯзи душанбеи 11 май ба Палатаи намояндагони Конгресси ИМА тарҳи қонуне ворид шуд, ки зиндонисозии рӯзноманигорони мустақил, мухолифони давлат, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои диниро дар Русия маҳкум мекунад.
Дар тарҳи қонуни мазкур аз сесад маҳбуси сиёсӣ, ки дар Русия зиндонӣ ва ҳабси хонагӣ шудаанд ёд гардидааст. Дар тарҳ ҳамчунин номи шаш тан аз ҷумла: Алексей Пичугин, Игор Рудников, Константин Котов, Анастасия Шевченко, Юрий Дмитриев ва Деннис Кристенсен зикр ёфтааст.
Дар ҳуҷҷат аз мақомоти Русия даъват шудааст, ки бидуни қайду шарт маҳбусони сиёсиро озод кунанд. Қонунгузорони Амрико ба котиби давлатӣ ва вазири молияи ИМА пешниҳод кардаанд, ки бо истифода аз салоҳиятҳои худ, нисбати афроди маъсули Русия таҳрим ҷорӣ кунанд, ки дар таъқибҳои сиёсӣ даст доранд.
"Росташ - ин чизе аст, ки Владимир Путин аз он метарсад. Президенти Русия қонунро ба василаи таъқиб табдил додааст. Вай рӯзноманигоронро водор мекунад, ки хомӯш бошанд, мухолифони сиёсиашро таҳдид мекунад... Мо, амрикоиҳо, ба ҷонибдорӣ аз касоне, ки садояшон хомӯш шудааст, бояд садо баланд кунем", - гуфт конгрессмен Майкл Маккол.