Эркин Асрандиев, ноиб-сарвазири Қирғизистон дар як мулоқоти онлайнӣ ба муовини раиси ҳукумати Русия Андрей Оверчук пешниҳод кард, ки қимати гази табиӣ бозбинӣ шавад. Хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, бозбинии қимати газ яке аз масъалаҳои муҳим дар мулоқоти онлайнӣ буд.
"Барои мо ин масъала ниҳоят ҳассос аст. Паҳншавии вируси корона, коҳиши фаъолияти шаҳрвандон, беқурбшавии асъори миллӣ боиси камшавии қобилияти харидории сокинон шудаанд. Аз ҳамин хотир, ҷониби Қирғизистон дархости бозбинии қимати гази табииро кард. Албатта, ин масъаларо намешавад дар як соат ҳал намуд, аммо мо умедвори посухи мусбат ҳастем", - гуфт ноиб-сарвазири Қирғизистон.
Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки маблағҳои Бунёди муштараки рушди Русияву Қирғизистон дар кӯмак ба тиҷорат истифода шаванд.
Гуфта мешавад, ҷониби Русия ваъдаи баррасии ин пешниҳодҳоро додааст.
Ибтидои моҳи апрел ба далели ҷаҳиши қурби доллар қимати гази табиӣ дар Қирғизистон боло рафт. Баъди гуфтугӯи раисони ҳукуматҳои ду кишвар тарофаҳои пешин баргардонида шуданд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки Русия ҳар ҳазор метри мукааб газро ба Қирғизистон бо қимати 220-230-долларӣ мефурӯшад. Дар ҳоле ки Русия ин миқдор газро аз Ӯзбекистон бо қимати 120-125 доллар мехарад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон мустақиман аз Узбекистон ҳар ҳазор метри мукааб газро 120-долларӣ харидорӣ мекунад.