Толибон кумаки башардӯстонаи Туркманистон ба Афғонистонро ғасб кард

Ҷангҷӯёни гуруҳи даҳшатафкани Толибон кумаки башардӯстонаеро ғасб карданд, ки Туркманистон тавассути бандари Акина ба мардуми Афғонистон фиристода буд.

Ин кӯмакҳо, ки дар бандари Акина аз мошинҳои Туркманистон ба мошинҳои ҷониби Афғонистон бор карда шуда буданд, қарор буд ба сокинони ниёзманди шаҳри Майна тақсим карда шавад. Вале корвони мошинҳо дар роҳ мавриди ҳамлаи ҷангҷӯён қарор гирифт.

"Ин амали Толибон ғайри қобили қабул аст. Мо мехостем кумакҳоро ба ҳамватанони ниёзманди худ расонем. Ба сокинони минтақаҳои зери идораи Толибон низ тақсим карда мешуд. Вале ҷангҷӯён онҳоро ғорат карданд", - изҳор дошт волии Форёби Афғонистон Нақибуллоҳ Фоиқ.

Кумакҳои башардӯстонаи Туркманистон асосан аз маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла меваву сабзавот ва тухми мурғ иборат буд.