Мақомоти вилояти Туркистони Қазоқистон мегӯянд, кишоварзони минтақа дар натиҷаи омадани сел чаҳор миллиард танга (ҳудуди 9,5 миллион доллар) хисорот дидаанд. Ба ҳисоби мақомот, 7639 ҳектар замини корам зери об мондааст.
Сел 297 чорво (58 чорвои калон, 227 чорвои хурд, 16 асп ва ду шутур)-ро нобуд кардааст. Ҳаҷми хисорот 32 миллион танга ҳисоб шуда, маълумот дар бораи андозаи хисороти манзилҳои зист феълан дастрас нест.
Дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобини Узбекистон 14 маҳаллаи ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Қазоқистон зери об монда, 31,6 ҳазор одамро ба ҷои бехавф кӯчониданд.
Сокинон мегӯянд, мақомот онҳоро аз офат огаҳ накарданд ва бештари мардум худ ба ҷои бехавф кӯчиданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз зарар дидани сокинони Қазоқистон дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори кишвараш изҳори таассуф кард. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 9-уми май дар Твиттер навишт, ки сокинони осебдидаи Мақтаарал "бо хонаи нав ё таъмиршуда таъмин карда мешаванд" ва ҳар як нафари онҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 100 ҳазортангаӣ ҷуброн дарёфт мекунанд.
Сарбанди обанбори Сардобин дар вилояти Сирдарёи Узбекистон соати 5:55 дақиқаи субҳи 1-уми май рахна ва манзилҳои атрофи обанборро зери об гузошт.