Дар Қазоқистон COVID-19 сиву як нафарро куштааст

Дар баъзе аз фурӯшгоҳҳои Қазоқистон ҳарорати бадани мардумро месанҷанд.

Дар Қазоқистон шумори онҳое, ки бар асари сирояти коронавируси нав ҷон бохтанд, ба 31 нафар расид. Вазорати тандурустӣ рӯзи 7 май хабар дод як сокини вилояти Павлодар аз коронавируси нав ҷон бохт ва ин нахустин марг аз бемор дар вилоят аст.

Ба гуфтаи вазорат, марди фавтида 57 сол ва бемории қанд доштааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар шумори мубталоён ба 4578 расидаааст, 1518 кас шифо ёфтаанд. То соати 22:50 шаби 7 май 48 мавриди сирояти коронавируси нав сабт шудааст ва бештари онҳо дар шаҳри Нурсултон аст.