Як созмони нозири СММ мегӯяд, муздурони гурӯҳи “Вагнер”-и Русия дар Либия меҷанганд

Як низомии корманди ширкати “Вагнер” дар шарқи Украина

Нозирони СММ мегӯянд, ки муздурони ширкати хусусии “Вагнер” аз фармондеҳи Либия Халифа Ҳафтар дар муборизааш барои ғасби пойтахт, шаҳри Триполӣ, пуштибонӣ мекунанд. Ба навиштаи оҷонсиҳои The Associated Press, AFP ва Reuters, дар гузориши гурӯҳи СММ, ки вазъи таҳримҳо дар Либияро назорат мекунад, гурӯҳи “Вагнер” аз 800 то 1200 низомии қарордодӣ дар Либия дорад ва дар миёни онҳо снайпер ва тимҳои вижаи низомӣ ҳам ҳастанд. Гурӯҳи мазкур, ки ба як маблағгузори Кремлин Евгений Пригожин марбут аст, бовар меравад, ки бо президенти Русия Владимир Путин наздик аст ва дар низоъҳои мусаллаҳонаи мухталиф, аз Украина сар карда то Сурияву кишварҳои африқоӣ - иштирок мекунад. Либия баъди соли 2011 дар ҷанги шаҳрвандиву муқовимати мардумӣ ба пуштибонии НАТО кушта шудани диктатор Муаммар Қаззофӣ дар ҳолати ҷанг аст. Халифа Ҳафтар дар шарқи Либия як артиши миллии худхондаи Либияро ташкил карда, ба ҷанги зидди ҳукумати мусолиҳаи миллӣ дар Триполӣ, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шудааст, бархост. Бино ба дарёфти нозирони СММ, “Вагнер” аз октябри соли 2018 дар Либия қарор дорад ва ба унвони як гурӯҳи “афзункунандаи муассири нирӯҳои” Ҳафтар иштирок мекунад. Дар гузориш омадааст, ки нирӯҳои марбут ба ҳукумати мусолеҳаи миллӣ дар паи задухӯрдҳо “силоҳҳоеро ошкор кардаанд, ки дар ҷангҳои Сурия ва Украинаи шарқӣ” ҳам пайдо шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки “Вагнер”таҷҳизоти хоси низомиёни Русияро дар ихтиёр дорад. Ҳайати СММ мегӯяд, ки як ширкати русӣ ҳадди аққал аз оғози соли 2020 ба ҷалби ҷангҷӯёни Сурия машғул аст. Гузориш ҳамчунин тасдиқ мекунад, ки ширкати амниятии “Российские системы безопасности” дар Либия фаъол мебошад. Нозирони СММ дахолати ин ду гурӯҳро низ мавриди санҷиш қарор додаанд.