Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар он кишвар 4298 ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона сабт шудааст. Аз ин шумор 1299 кас шифо ёфта, 29 тани дигар вафот кардааст.
72 ҳолати нави гирифторӣ дар ду шаҳри бузургтарини он кишвар - Нурсултон ва Алмато - сабт шудааст, хабар доданд аз ситоди ҷумҳуриявии Қазоқистон оид ба ҳолати фавқулода.
Ба ин тартиб, дар Алмато ва Нурсултон мутаносибан 22 ва 20 ҳолатӣ ба қайд гирифта шуд. 14 ҳолати нави гирифторӣ дар вилояти Атирау сабт шудааст.
Вилояти Атирауи Қазоқистон бо 223 ҳолати гирифторӣ аз рӯи шумори бештари мубталошудаҳо дар он кишвар дар ҷои севум қарор дорад, хабар медиҳанд расонаҳо.