Аъзои Сенати Амрико рӯзи 4 май нахустин бор баъди карантини моҳи март эълоншуда сари кор омаданд, дар ҳоле, ки нигарониҳо аз эҳтимоли таҳти хатар будани вазъияти эпидемиологӣ ҳамоно вуҷуд дорад. Тахминан нисфи 100 сенатори амрикоӣ аз 65-сола боло ҳастанд ва синну солашон онҳоро дар ҳолати хатари бештари олудагӣ ба COVID-19 қарор медиҳад. Кори Сенат дар ҳоле аз сар гирифта шуд, ки шаҳри Вашингтон масдуд аст ва ҳамин масъала ҳам аллакай тарафдорону мухолифонро дар муқобили ҳам қарор додааст. Раҳбари аксар ҷумҳурихоҳҳои Сенат Митч МакКоннелл аз қарори ҳифзи маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ҳимоят кард. Ӯ гуфт, агар кори ходимони тиб, фурӯшгоҳҳо ва бисёр дигар амрикоиҳо зарур бошад, пас сенаторҳо ҳам бояд бо риояи эҳтиёткорӣ аз худ дарак дода онҳоро пуштибонӣ бикунанд. Намунаи ин меъёрҳо доштани ниқоб, фосилагирии думетра ва маҳдуд кардани шумори коргарон дар маҳалли кор мебошад. Яке аз вазифаҳои Сенат тасдиқи номзадҳои президент Доналд Трамп ба мақомҳои нави ҳукуматӣ ва додгустарӣ мебошад.