Мақомоти Афғонистон рӯзи 3-уми май ба ҷустӯҷу ва берун кашидани ҷасадҳои гурӯҳе аз муҳоҷироне оғоз карданд, ки ба навиштаи матбуоти дохилӣ, посбонони марзи Эронро онҳоро ба рӯдхона андохтаанд. Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки сарҳадбонони эронӣ муҳоҷиронро, ки мехостанд, аз вилояти Ҳирот ба қаламрави Эрон бигзаранд, ба рӯдхона партофтаанд, то монеи вуруди онҳо ба қаламрави кишвар шаванд. Вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи 2-уми май бо нашри як баёнияе гуфт, ки гузоришҳо доир ба ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Ҳоло маълум нест, сухан дар бораи чанд муҳоҷири афғон меравад, ҳарчанд консулгарии Эрон дар Ҳирот ин иддаоҳоро рад кардааст. Як мақоми баландпояи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, бино ба арзёбиҳои пешакӣ, марзбонони Эрон камаш 70 муҳоҷирро, ки мехостанд, ба он кишвар бираванд, латукӯб карда ва ба рӯдхонаи Ҳарируд андохтаанд.
Табибони яке аз шифохонаҳои Ҳирот гуфтанд, ки ҷасади панҷ нафареро гирифтанд, ки баъзеашон ғарқ шуда будаанд. Мақомоти Афғонистон дар вилоят мегӯянд, бори аввал нест, ки нерӯҳои амниятии Эрон дар марзи 920 километрии ду кишвар афғонҳоро азият мекунанд ва ё мекушанд.
Ҳодисаи мазкур мумкин аст, сабаби ҷанҷоли дипломатӣ байни ду кишвар шавад ва дар замоне, ки ҳазорон муҳоҷири афғон аз тарси сирояти вируси нав аз Эрон ба кишварашон бармегарданд. Дар Эрон садҳо ҳазор муҳоҷири афғон кору иқомат мекунанд.