Як гуруҳ аз сокинон дар наворе рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки наздикони беморашонро наметавонанд дар шифохонаҳо ҷой кунанд.
Онҳо мегӯянд, ба сабаби пур будани бемористонҳо маризонро ба Комплекси сайёҳии ноҳияи Варзоб фиристоданд, вале дари онҷоро низ ба рӯяшон накушоданд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Дар навор дида мешавад, чанд мошини сокинон ва чаҳор мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар пушти дари Комлекси сайёҳии ноҳияи Варзоб истодаанд. Яке аз заноне, ки дар онҷо буд, дар навор мегӯяд: "Дар дохили мошинҳо беморон ҳастанд. Қабул намекунанд. Мемурӣ, касе суроғ намекунад. Дар телевизион таъриф мекунанд, ки ҳама шароит ҳаст. Намедонанд, беморонро ба куҷо баранд."
Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 3-юми май эълон кард, ки дар бемористонҳои кишвар беш аз 3 ҳазор нафар зери назорати пизишкон ҳастанд. Беш аз 270 нафарро баъд аз ташхису муолиҷа ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.
Ба иттилои расмӣ то шоми якшанбе дар кишвар 128 нафар ба коронавирус сироят шуда, 2 нафар аз ин бемории ҳамагир фавтидаанд.
Як рӯз баъд аз эълони расмии марги ду нафар аз COVID-19 дар Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки барои муолиҷаи 3 ҳазор нафар шифохонаҳои муваққатӣ бунёд мекунанд.
Дар ин баёния омадааст, айни замон дар Душанбе зиёда аз 30 беморхона бо 5284 кати хоб ва беш аз 5390 табиб ва кормандони миёнаи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд.