Дар натиҷаи рахнаи садди обанбори Сардобини Узбекистон 10 шаҳрак дар вилояти Туркистони Қазоқистон зери об монд.
Беш аз 22 ҳазор сокин аз ин шаҳракҳо ба ҷои амн кӯчонида шуда, айни ҳол ба онҳо кумак расонида мешавад.
"Бо мақомоти Узбекистон гуфтугӯҳо идома доранд", - навишт президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар Твиттер.
Шоми 2-юми май дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобини Узбекистон чанд деҳа дар вилояти Туркистони Қазоқистон зери об монд. Дар ноҳияи Мактаарал ҳолати фавқулода эълом шуд.
Мақомоти вилояти Туркистони Қазоқистон гуфтанд, дар ноҳияи Мактаарал 620 манзил зиён дида, зиёда 3,5 ҳазор га замини кишт зери об мондааст. Мақомоти зиёни молии ин обхезиро бештар аз 950 ҳазор доллар баҳо додаанд.
Пештар аз ин мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки зиёни кишоварзонро ҷуброн хоҳанд кард. Ба иттилои вазорати кишоварзии Қазоқистон, дар 85% заминҳои зиёндида пахта ва дар боқимонда ҷуворимаккаву дигар навъи зироат кишт шуда буд.