Туркманистон 9 майро бо паради низомӣ ҷашн мегирад

Поделиться

Туркманистон, сарфи назар аз ҳамагир шудани коронавирус, 75-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватаниро бо паради низомӣ ва чорабиниҳои идона таҷлил мекунанд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин пешниҳод дорад, ки солгарди ғалаба дар ҷанги мазкур дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷашн гирифта шавад ва Ишқобод омодааст, дар омодагиҳо ба онҳо мусоидат кунад.

Бино ба хабари баъзе аз расонаҳо, ҳоло низомиёни Туркманистон барои гашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ дар майдони "Ёдгории халқӣ"-и шаҳри Ишқобод тамрин мекунанд.

Тавре хабаргузории расмии Туркманистон иттилоъ дод, бахшида ба Иди ғалаба маросими тақдими мукофот ба собиқадорон, ҳамсарони иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти Туркманистон мегӯянд, то ҳол дар ин кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст, вале коршиносон ба ин иттилои мақомот бо назари шубҳа менигаранд.