Михаил Мишустин, нахуствазири Русия эълом кард, ки гирифтори коронавирус шудааст ва аз ин рӯ худро карантин кардааст.
Расонаҳои Русия рӯзи панҷшанбеи 30-юми апрел гузориш доданд, ки Мишустин дар гуфтугӯи видеоӣ бо Владимир Путин, президенти он кишвар, ин хабарро ба ӯ расонд ва Андрей Белоусовро ба унвони ҷониши муваққатии худ муаррифӣ кард.
Ҳамчунин бинобар баёнияи Кремл, Путин бо имзои ҳукми сарпарастии Андрей Белоусов, ибрози умедворӣ кардааст, ки нахуствазир беҳбуд ёбад ва ба талошҳояш дар мубориза бо паёмадҳои иқтисодии коронавирус идома диҳад.
Михаил Мишустини 54-сола ҳудуди чаҳор моҳ пеш нахуствазири Русия таъйин шуд.
Мақомҳои тандурустии Русия рӯзи панҷшанбе эълом карданд, шумораи гирифторон ба КОВИД-19 шабонарӯзи ахир наздик ба 7100 нафар будааст, ки болотарин рақам аз ибтидои ҳамагирии коронавирус дар ин кишвар ба шумор меравад.
Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Русия ба беш аз 106 ҳазор нафар нафар расидааст ва дар ин миён беш аз ҳазор нафар ҷон бохтаанд.