Дар тендер ё озмуни нашри шиносномаҳои биометрии Қирғизистон ширкати олмонии Mühlbauer ID Services GmbH пирӯз шуд. Ин ширкат барои нашри шиносномаҳо 655 миллиону 645 ҳазор сом (бештар аз 8,2 миллион доллар) дархост кард.
Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон хабар дод, ки барои нашри шиносномаҳо 973 миллиону 123,5 ҳазор сом пешбинӣ шуда буд. Барои ширкат дар тендер ҳамагӣ се ширкат дархост дода буданд. Пештар аз ин Хадамоти бақайдгирӣ хабар дод, шаҳрвандони Қирғизистон аз соли 2021 метавонанд, соҳиби шиносномаи хориҷии биометрӣ шаванд.
Дар Қирғизистон қарор буд, сар аз соли 2019 нашри шиносномаи умумишаҳрвандии электронӣ шуруъ шавад. Дар соли 2018 мақомоти Қирғизистон озмуни хариди бланка ё варақаҳои шиносномаҳои навро эълом карданд. Панҷ ширкати хориҷӣ дар ин озмун иштирок карданд ва ширкати литвонии "Гарсу Пасаулис" пирӯз эълом шуда буд. Аммо ширкати олмонии Muhlbauer ID Services ва фаронсавии IDEMIA France гуфтанд, ки "дар ҷараёни озмун тақаллуб сурат гирифтааст". Ин ширкатҳо бекорсозии натиҷаи озмунро талаб карданд.
Моҳи феврали соли 2019 аз рӯи тақаллубкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз ва намояндагони Хадамоти сабти номи давлатии Қирғизистон дар фасодкорӣ айбдор шуданд. Моҳи майи соли гузашта додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон озмуни таҳияи шиносномаҳоро бекор кард, ки дар он ширкати литвонӣ пирӯз шуда буд.
Талант Абдуллоев, як масъули Хадамоти сабти номи давлатии Қирғизистон дар навори видеоие эътироф кард, ки аз манфиатҳои ширкати литвонӣ ҳимоят кардааст ва ширкат ба вай 20 ҳазор доллар пора додааст.