Сомонаи расмии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев изҳороти ӯро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, вазъи фавқулода дар ин кишвар то 11-уми майи соли равон дароз карда мешавад.
Ба гуфтаи Тоқаев, давраи авҷи мубталошавӣ ба коронавирус ҳанӯз сипарӣ нашудааст ва хатари аз назорат берун шудани вазъ дар Қазоқистон вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир вазъ дар минтақаҳои Қазоқистон гуногун буда, дар баъзе аз онҳо шумори мубталоён афзоиш меёбад.
"Бо назардошти вазъи мавҷуда ва пешниҳоди комиссияи давлативу коршиносон тасмим гирифтам, фармони тамдиди вазъи фавқулодаро то 11 майи имсол имзо кунам",-изҳор доштааст Тоқаев.
Дар ҳамин ҳол Комиссияи давлатии таъмини риояи вазъи фавқулода гуфтааст, ки омодааст маҳдудиятҳоро дар шаҳру ноҳияҳое сабуктар кунад, ки вазъ таҳти назорат қарор дорад.
Ҳамчунин гуфта шудааст, шаҳрвандоне, ки даромади худро аз даст додаанд, моҳи дувум дар ҳаҷми 42 500 танга кумакпулӣ дарёфт мекунанд. "Ниёзе барои дархости дувумбора вуҷуд надорад. Кумакпулӣ дар асоси дархости якум расонида мешавад",-омадааст дар изҳорот.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар то 27-уми апрел 2780 кас ба коронавирус мубтало шуда, 682 нафар шифо ёфта, 25 тан ҷон бохтаанд.