Бино ба навиштаи матбуоти ғарбӣ, Иттиҳоди Аврупо зери фишори Чин, лаҳни як гузориш доир ба маъракаи дурӯғпарокании ин кишвар доир ба пандемияи коронавируси навро нармтар карда ва нашри онро ба таъхир андохтааст. Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" ва хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 25-уми апрел навиштанд, Чин ба Иттиҳоди Аврупо таҳдид кардааст, ки дар сурати нашри гузориш онро беҷавоб намегузорад.
Вақте рӯзи 24-уми апрел хулосаи гузоришро дар байни кишварҳои узв нашр карданд, баъзе бахшҳои танқидӣ дар бораи Чинро бардоштаанд, ё нарм ва ё дигар кардаанд. Дар яке аз ин бахшҳо гуфта шудааст, ки “Чин ҳамчунон маъракаи дурӯғпароканӣ доир ба хуруҷи пандемияро идома медиҳад, то иттиҳом ба дигар самт равона шавад”.
Гузоришҳоро дар бораи фишори Чин ба Иттиҳоди Аврупо бо такя ба чандин манобеъ ва мукотиботи дохилии Иттиҳодияи Аврупо нашр кардаанд. Дар гузориши аслӣ, ки рӯзи 20-уми апрел бояд нашр мешуд ва нусхаи онро Радиои Озодӣ дид, омадааст, ки “новобаста ба бӯҳрони коронавирус маъракаи дурӯғпароканӣ аз тарафи Чину Эрону Русия идома ёфтааст. Дар хулосаи нашршуда аз гузориш ин банд дида намешавад.