Бо вуҷуди танқидҳои шӯрои ҳуқуқи башари Русия, президент Владимир Путин қонуни таҷлили хатми Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар рӯзи 3 сентябр, яъне як рӯз баъд аз таърихи аз ҷониби аксар кишварҳо эътирофшуда имзо кард. Қонуни имзошуда дар сайти ҳукумати Русия нашр шуд. Ҷомеаи байналмилалӣ расман рӯзи 2 сентябрро ҳамчун санаи таърихии хатми ҷанг эътироф мекунад. 2 сентябри соли 1945 Ҷопон расман таслим шуд. Қонуне, ки онро қаблан Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия қабул кардаанд, 3 сентябрро ҳамчун рӯзи охири ҷанг ва мағлуб кардани Ҷопон аз ҷониби артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун “саҳми қотеъ дар хатми ҷанг” эътироф кардааст. Ҷопон ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ гоҳ созиши сулҳи баъдиҷангиро бо сабаби ғасби ҷазираҳои Курил аз ҷониби ҳукумати Шӯравӣ имзо накарданд
Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия ҳафтаи гузашта бо пахши изҳороте ин тасмимро “хато” номида буд.