Аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ дар Қирғизистон 2319 ҳолати хушунати хонаводагӣ сабт шудааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабар медиҳад.
Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди шикоят аз хушунат 65 дарсад афзудааст. Дар 95 дарсади ҳолатҳо занҳои аз 21 то 50-сола мавриди хушунат қарор гирифтаанд.
Дар се моҳ 8 ҳолати куштор, дар пайи хушунати хонаводагӣ, сабт шудааст, ки ин нишондод низ ду баробари ҳамин давраи соли гузашта аст.
Пулиси Қирғизистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 105 парвандаи ҷиноии марбут ба расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ, 144 парвандаи марбут ба хушунат ва 138 парвандаи марбут ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боз кардааст. 2682 ҳолати хушунати хонаводагӣ ҳамчун ҷавобгарии маъмурӣ банду баст шудааст.
Ахиран СММ низ иттилоъ дод, ки шумори ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ дар саросари дунё дар давраи вируси корона афзоиш ёфтааст.