Президенти Украина Владимир Зеленский ба собиқ раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ пешниҳод кард, ки ба мақоми муовини нахуствазири ҳукумати Украина оид ба ислоҳот таъин шавад. Дар ин бора Саакашвилӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.
Рӯзи 22 апрел Саакашвилӣ навишт, ки аллакай шароити корро бо нахуствазири Украина Денис Шмигал муҳокима кардааст. Саакашвилӣ гуфт, ки ин пешниҳод барои ӯ “мояи ифтихор” аст ва ёдовар шуд, ки дар интихобот аз Владимир Зеленский пуштибонӣ карда аз тими ӯ умеди зиёд дорад. Қаблан дар бораи пешниҳоди кор ба Саакашвилӣ бо такя ба ҳизби ҳокими “Хизматгори халқ” нашрияи “Новое время” хабар дода буд. Муовини раиси фирқаи парлумонии ҳизби ҳоким Евгения Кравчук ба нашрия тасдиқ кард, ки рӯзи ҷумъа Саакашвилӣ бо вакилони маҷлис мулоқот карда барномаашро муаррифӣ менамояд.
Моҳи маи соли 2015 поезиденти вақти Украина Петро Порошенко Саакашвилиро раиси вилояти Одесса таъин ва ба ӯ шаҳрвандии Украинаро тақдим кард. Соли 2017 ҳарду қарорашро бекор намуд.
Сентябри он сол Саакашвилӣ бо ёрии тарафдоронаш ба хоки Украина ворид шуда истеъфои Порошенкоро талаб кард. Ӯро аз ҳақи вуруд ба хоки Украина маҳрум карданд ва Саакашвилӣ қарори бозхонди шаҳрвандиву манъи вурудро ғайриқонунӣ номид. 28 маи соли 2019 Зеленский шаҳрвандии Саакашвилиро барқарор намуд. Номзадии Саакашивилиро дар мақоми нав бояд Верховная рада ё парлумон тасдиқ кунад. Интизор меравад, ки ин масъала рӯзи 24 апрел баррасӣ хоҳад шуд.