Парванда зидди 3 қирғизистонӣ барои махфӣ кардани гирифторӣ ба коронавирус

Шаҳри Бишкек, 21 апрел, 2020.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Уши Қирғизистон зидди се нафар барои пинҳон доштани мубталошавӣ ба коронавирус парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора коменданти шаҳр Малик Нурдинов хабар дод.

Ӯ як сокини Ӯшро мисол овард, ки аз Русия баргашта аъзои хонаводаи худро ба коронавирус мубтало кардааст.

"Баъди баргашт аз Русия аз ташхиси тиббӣ нагузаштааст. Тавре маълум гашт, ӯ дониста бемории худро пинҳон дошта, хонаводаашро ба вирус мубтало кардааст. Ба ҷуз ин, 10 хеши вай низ ба карантин гирифта шудаанд",-изҳор дошт Нурдинов.

Дар робита ба шаҳрвандоне, ки бемории худро пинҳон кардаанд, бо банди "Нақзи қоидаҳои санитарӣ - эпидемиологӣ" парванда боз шудааст.

Дар Қирғизистон то 21-уми апрел 590 кас ба коронавирус мубтало шудаанд.