Ғафур Раҳимов дар додгоҳи Амрико ноком шуд

Ғафур Раҳимов. Акс аз соли 2018

Соҳибкори узбек Ғафур Раҳимов дар мубориза барои пок кардани номаш аз феҳристи афроди мавриди таҳрими ИМА ноком шуд. Раҳимов ба хотири иртиботаш бо шабакаҳои байналмилалии қочоқбари маводи мухаддир мавриди таҳрими Вашингтон қарор гирифтааст. Додгоҳи ҳавзавии минтақаи Колумбия дар Амрико дар ҳукми рӯзи 20 апрелаш гуфт, ки аз даъвои Раҳимов зидди Вазорати молияи ИМА, ки исми ӯро соли 2012 ба феҳристи афроди таҳримшуда ворид кардааст, пуштибонӣ намекунад.

Таҳримҳо шаҳрвандон ва ширкатҳои ИМА-ро иҷоза намедиҳад бо Раҳимов ҳамкорӣ ва коршарикӣ кунанд. Раҳимов, ки дар гузашта президенти Анҷумани байналмилалии бокс буд ва дар шароити баҳсбарангезе аз мақомаш канор рафт.

Ӯ гуфтааст, ки аз “иттиҳомоти дурӯғин” номашро пок кардан мехоҳад.