Дар Қазоқистон як фаъоли шинохтаи сиёсӣ ва аз мунтақидони ҳукуматро бо иттиҳоми “дурӯғпароканӣ” дар замони вазъи фавқуллода дастгир кардаанд. Раёсати пулиси шаҳри Алмаато рӯзи 18-уми апрел гуфт, Армон Шураевро барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ батакрор паҳн кардани “иттилое, ки баёнгари воқеият нестанд” боздошт карданд. Пулис аз ин бештар ҷузъиёте надодааст.
Армон Шураев, ки дар расонаҳои гуногуни Қазоқистон кор карда ва ба як сиёсатмадори миллигаро табдил шудааст, ба истиснои раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Токаев пайваста аъзои ҳукумати ӯро танқид кардааст. Ба гуфтаи Раёсати пулиси Алмаато дар сурати собит шудани иттиҳомот мумкин аст, Армон Шураевро то 7 сол ба зиндон маҳкум кунанд.
Ба гуфтаи пулис, ин фаъоли сиёсӣ бо амалкардҳояш назму тартибот дар замони вазъи фавқуллодаро ба хатар андохтааст. Қазоқистон барои пешгирӣ аз сирояти бештари вируси нав вазъи фавқуллода эълон кардааст. Армон Шураев рӯзи 18-уми апрел дар як навиштае дар Фейсбук баъзе аз мақомоти баландпояро ба ришвахорӣ муттаҳам кардааст. Ӯ ҳамчунин барномаҳои ҳукумат барои гирифтани қарз ва хароҷот барои бунёди шифохонаи махсуси муолиҷаи беморони КОВИД-19-ро ҳам танқид карда буд.