Туркманистон тасмим гирифтааст, қувваозмоиҳои футболи ин ҷумҳуриро бо иштироки ҳаводорони футбол оғоз намояд.
Федератсияи футболи Туркманистон моҳи март оғози Лигаи футболи Туркманистонро, ки аз 8 даста иборат аст, ба таъхир гузошта буд.
Тибқи эълони охир 19-уми апрел чемпионати Туркманистон бо қувваозмоии "Олтин Асир"-и Ашқобод ва рақибаш дастаи "Копедак" оғоз мешавад.
Як рӯз баъд аз он, 20-уми апрел, се қувваозмоии дигар ва ҳамчунон қувваозмоиҳои лигаи ҷавони ин кишвар оғоз мегардад.
То кунун Туркманистон дар бораи сирояти короновирус дар ин ҷумҳурӣ гузорише нашр накардааст. Ин ҷумҳурӣ дар ҷойҳои гуногун посгоҳҳо ташкил намуда, ҳаракати мардумро маҳдуд ва ҳарорати бадани онҳоро чен мекунад.
Полиси Туркманистон нисбат ба онҳое, ки ниқоб мепӯшанд ва ё ин ки дар бораи короновирус гап мезананд, таъқиб мекунад. Бар илова гуфта шудааст, ки маҳдуд намудани ҳаракат ва посгоҳҳо имкон медиҳад, мақомот аз мардуми корафтода пул ситонанд.
Вазорати варзиши Турманистон мегӯяд, қарори оғози қувваозмоиҳои футбол ҳаводорони ин навъи варзиш ва футболбозонро хушҳол кардааст.