Ҳукумати Тоҷикистон таъсири коронавирус ба иқтисодро баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел дар як ҷаласаи фаврӣ густариши коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири он ба рушди иқтисодро баррасӣ кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол ягон мавриди гирифтории сокинонро ба коронавирус ошкор накарданд, вале баста будани марзҳо, коҳиши додугирифт ва кам шудани пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба иқтисоди кишвар бетаъсир нахоҳад монд.

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷуз аз мавзӯи коронавирус Эмомалӣ Раҳмон ба додани сабукӣ ва имтиёзҳои андозиву қарзӣ ба соҳибкорону "табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисод" дастур додааст.

Мақомот ду ҳафта пеш ҳам хабар дода буданд, ки барномаи коҳиши таъсири коронавирус ба иқтисодро қабул карда, ба соҳибкорон сабукиҳо медиҳанд, аммо то ҳол ин сабукиҳо расман эълон нашуд.

Сомонаи президент менависад, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳия дастур дода шудааст, ки "майдони кишти картошкаро зиёд карда, истеҳсоли орду равғанро таъмин намоянд".

Ин дастур дар ҳоле садо дод, ки рӯзҳои ахир сокинон аз болоравии якбораи нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла картошка шикоят доранд. Сокинон мегӯянд, нархи як кило картошка дар бозорҳои кишвар то 7-8 сомонӣ расидааст.

Дафтари матбуоти президент аз ин бештар иттилоъ надодааст. Маълум нест, дар ҷаласаи ҳукумат боз дар бораи чӣ масоиле баҳс шудааст. Маҷлисҳои ҳукумати Тоҷикистон одатан бе ҳузури намояндагони расонаҳои мустақил мегузарад.