Харҷҳои Бунёди зиддибуҳроние, ки ҳукумати Узбекистон барои мубориза бо коронавирус таъсис дод, то 15 апрели соли равон 756 млрд сӯм ($74,6 млн)-ро ташкил медиҳад. Ба огаҳии Вазорати молияи Узбекистон, бештари ин пулҳо - 411 млрд сӯм ($40,6 млн) ба ташкили беморхонаҳои махсус ва минтақаҳои карантин харҷ гаштаанд.
Аз ҷумла, барои Оҷонси назорати санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон 226 млрд сӯм ($22,3 млн) ҷудо шудааст. Бо 123 млрд сӯм (зиёда аз $12 млн) низомҳои санҷиш ва ашёи муҳофизатӣ харидорӣ шудааст.
Мақомоти узбек мегӯянд, дар умум ба бахши иҷтимоӣ 117 миллиард сӯм ($11,5 млн), аз ҷумла 50 миллиард (ҳудуди $5 млн)-и ин пулҳо ба ҷалби сокинони бекор ба шуғли муваққатӣ, 30 млрд сӯм (беш аз $3 млн) ба дастгирии хонаводаҳои камбизоат, 26 млрд сӯм ($2,5 млн) ба кӯмакҳои иҷтимоӣ ва 11 млрд сӯм (зиёда аз $1 млн)-ро барои маоши кормандони метрои Тошканд ва "Тошшахартрансхизмат" харҷ кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба буҷаи Бунёди зиддибуҳронӣ 1,6 трлн сӯм ($158 млн) ворид шудааст, ки ҳудуди 1 триллион сӯми он аз ҳисоби қарзҳои ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва боқӣ аз ҳисоби буҷаи давлати Узбекистон мебошад.