Мақомоти шаҳри Самарқанд тасмим гирифтанд, девореро вайрон кунанд, ки соли 2006 барои амнияти президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов бунёд шуда буд. Девор майдони Регистонро аз қисми қадимии шаҳр ҷудо мекард.
Ба гуфтаи як корманди Идораи фарҳанги Самарқанд, қарори тахриби девори пушти майдони "Регистон"-ро Департаменти мероси фарҳангӣ, Горди миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Узбекистон тасдиқ кардаанд.
"Ин девор соли 2006 бо далоили амниятӣ бунёд шуда, арзиши таърихӣ надошт. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки онро тахриб намоянд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Меъмори узбек Абдумалик Турдиев мегӯяд, девори пушти майдони "Регистон" соли 2006 бо пешниҳоди раҳбарияти Хадамоти амнияти Ислом Каримов бунёд шуда, сохтмони онро президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев, ки он замон сарвазир буд, шахсан назорат мекард.
"Ҳадафи аввалиндараҷаи девор ҳимояти Ислом Каримов аз ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ ҳангоми иштироки ӯ дар чорабиниҳои давлатӣ дар майдони "Регистон" гуфта мешуд. Ҳамчунин мансабдорони Самарқанд мегуфтанд, девор хонаҳои баднамои сокинонро, ки дар қисмати қадимии шаҳр ҷойгиранд, аз чашми меҳмонон пинҳон хоҳад кард", - афзуд Турдиев.