Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дархости Покистонро дар мавриди истирдоди Абдулло Оракзай, машҳур бо номи Аслам Форуқӣ, раҳбари як шохаи гурӯҳи тунгарои "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро рад кард.
Дар иттилоияи вазорат аз 10-уми апрел гуфта шудааст, ки "Афғонистон бо Покистон созишномаи истирдоди гунаҳкорону муттаҳамонро надорад ва, бинобар ин, Форуқӣ тибқи қонунҳои Афғонистон муҳокима мешавад".
Мақомоти Вазорати умури хориҷии Покистон мегӯянд, дархости таслим кардани Форуқиро рӯзи 9-уми апрел ба сафири Афғонистон дар Исломобод супурданд.
Ба сафири Афғонистон гуфта шудааст, Форуқӣ барои идомаи муҳокима бояд ба Покистон таслим карда шавад. Исломобод ӯро ба "фаъолиятҳои зиддипокистонӣ дар Афғонистон" муттаҳам медонад.
Абдулло Оракзай, машҳур бо номи Аслам Форуқӣ, рӯзи 4-уми апрел дар вилояти Қандаҳор дастгир шуд. Вай аз моҳи июли соли 2019 раҳбари шохаи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон аст.