Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, барои таҳқиқи мубталошавии дастҷамъии кормандони тиб дар вилояти Ӯши ин кишвар гуруҳи махсус ташкил шуд.
Ба огаҳии вазорат, ин гуруҳи мутахассисон ҳар як ҳолати мубталошавии кормандони муассисаҳои тиббии Ӯш ба коронавирусро алоҳида таҳқиқ карда, гузориш хоҳанд дод.
Дар миёни ин кормандон табибон, ҳамшираҳо, кормандони озмоишгоҳҳо ва эпидемиологӣ низ ҳастанд.
Дар Қирғизистон то 8-уми апрели соли равон 34 корманди тиббӣ ба коронавирус мубтало шудаанд, ки 21 ҳолати он дар вилояти Ӯш ба қайд гирифта шудааст.