Макрон аз Эрон хост, эҳтироми уҳдадориҳои ҳастаиашро ба ҷо орад

Маркази табдили ураниуми Фарду дар Қуми Эрон

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, аз Эрон хост, дар фурсате ки тамаркузи ҷаҳон ба буҳрони коронавирус равона шудааст, эҳтироми уҳдадориҳои ҳастаиашро ба ҷо орад.

Дар як суҳбати телефонии 6-уми апрел бо президенти Эрон, Макрон ба раиси ҷумҳурӣ Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд дар мубориза бо тавсеаи вирус ҳамкорӣ кунад.

Дар изҳороти ҳукумати Фаронса гуфта шудааст, Макрон изҳори умед кард, ки Эрон "мутобиқ ба уҳдадориҳои ҳастаии соли 2015 амал карда, аз ҳама гуна иқдоми нав худдорӣ мекунад" ва ҷомеаи ҷаҳонӣ "барои коҳиши таниши минтақавӣ" саҳмгузор хоҳад шуд.

Дафтари президенти Эрон хабар дод, ки дар ин гуфтугӯ Рӯҳонӣ ба муборизаи ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ ба зидди коронавирус даъват ва дархости кумак кардааст. Рӯҳонӣ гуфтааст, "бе ҳамкории ҷаҳонӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ мо дар ин марҳилаи буҳронӣ дастболо нахоҳем шуд".

Рӯзи 6-уми апрел созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Амрико тақозо кард, ки Вашингтон таҳримҳои ҷоришуда боло Эронро сабуктар кунад.

Вашингтон баъд аз он ки соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шуд, таҳримҳо ба зидди ин кишварро боз ҳам сангинтар кард.

Дидбони ҳуқуқи башар аз Иёлоти Муттаҳида хост, номгӯи маҳсулоти озод аз таҳримҳоро бештар карда, дар замони пандемияи коронавирус дастрасии ин кишварро ба захираҳои зарурии башарӣ таъмин кунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Эрон ёрии башардӯстона пешниҳод кард, вале Эрон аз ин ёрӣ даст кашид.